Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҳамааш аз фоҷиа сар шуд" (ВИДЕО)


Таркиши як снаряди пойгоҳи 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб ҳафт сол пеш Акмал Исроиловро аз биноӣ маҳрум кард ва ҳоло ин фоҷиа мавзӯи тарона ва клипҳои ӯст. Акмал мегӯяд, ин таркишро натанҳо натавонист аз ёд барад, балки то охир барои барқарор кардани биноӣ ва "ҳақ ба ҳақдор расидан" талош хоҳад кард.

Акмал Исроилови 24-сола дар бахши ғоибонаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб мехонад, аммо барои, ба қавли худаш, кам кардани шиддати ғамгинӣ ба рэпсароӣ машғул аст. Ӯ рӯзи 12-уми сентябр гуфт, соли 2009, ҳангоми фаровардани оҳанпораҳои як соҳибкори маҳаллӣ, ки аз пойгоҳи ҳарбии Русия харида буд, биноиашро аз даст дод. ​"Ман дар болои "Камаз" будам ва оҳанпораҳоро ба замин мепартофтам. Ногоҳ снаряд таркид ва ҳуш аз сарам рафт. Маро ба беморхона, аз онҷо ба Душанбе бурданд ва дар охир биноии чашмро аз даст додам. Ҳоло ин вазъиятро дар рэпҳоям инъикос мекунам", – афзуд Акмал Исроилов.

Шавҳарам ба намози аср рафта буд. Ҳарчанд шом фаро расид, вале на аз ӯ хабар буд, на аз писарам. Дертар ба мо хабар расонданд, ки Акмалро ба бемористон бурдаанд.

Волидони Акмал мегӯянд, ки писари худро барои табобат ҳатто ба Маскав бурданд, аммо талошашон тақрибан бенатиҷа буд. Онҳо гуфтанд, ки як чашми писарашон камубеш мебинад ва барои ҳифзи ин миқдор биноӣ пизишкон дар Русия 2 ҳазор доллар талаб кардаанд. Пуле, ки хонаводаи Акмал Исроилов тавони пардохташро надорад.

Олуфтамоҳ Солиева, модари Акмал Исроилов, мегӯяд, таркиши снаряд ҳафт соли пеш дар вақти намози аср рух дод ва онҳо ҳарчанд дар хона садои таркишро шуниданд, вале намедонистанд, ки қурбонияш писари онҳост. "Шавҳарам ба намози аср рафта буд. Ҳарчанд шом фаро расид, аммо на аз ӯ хабар буд ва на аз писарам. Дертар ба мо хабар расонданд, ки Акмалро ба бемористон бурданд", - нақл кард ӯ.

То як соли пеш дар Кӯлоб як бахши пойгоҳи 201-и Русия фаъол буд ва ҳоло таҷҳизоту сарбозони ин пойгоҳ аз Кӯлоб ба тамрингоҳи Лоҳур дар ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонда шудаанд. Ҳангоми ҳузури нирӯҳои Русия дар ин минтақа сари чанд вақт таркиши гулӯлаи боқимонда аз тамринҳои сарбозони ин пойгоҳи ҳарбӣ рух дода, бар асоси онҳо сокинон зиён медиданд.

Аз ҷумла, Шерафган Сафаров, сокини 29-солаи деҳаи Туркони ноҳияи Мӯъминобод, дар наздикии тамрингоҳи Мумирак, дар натиҷаи таркиши снаряд аз як дасташ маҳрум шудааст. Қаблан додситонии Кӯлоб дар пайи кушта шудани ду кӯдак аз мушаке, ки аз партобгоҳи ин пойгоҳ ёфта буданд, ба низомиёни рус дар истифодаи тир ҳушдор дода буд.

Аммо пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб иддаои сокинон ва мақомотро дар бораи марбут донистани ин гуна мушакҳо бепоя медонист. Масъулони пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб мегуфтанд, ин гуна мушакҳоро артиши Тоҷикистон ҳам дорад ва мумкин аст, сокинон онҳоро истифода карда бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG