Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдоварӣ аз рӯзе, ки дунёро такон дод


Дар 15-умин солгарди ҳамлаҳои террористии рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико мардум ёди онҳоеро гиромӣ медоранд, ки дар ин ҳамлаҳо кушта шуданд.

Дар он рӯз 19 узви созмони террористии Ал-Қоида чаҳор ҳавопайморо рабуданд ва 3 ҳазор нафарро куштанд. Ду ҳавопайморо ба осмонхарошҳои Маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ кӯбиданд ва ҳардуро ба хок яксон карданд. Ҳавопаймои саввум дар вазорати дифои Амрико суқут кард ва чаҳорумӣ дар Пенсилвания ва баъди муқовимати мусофирон ба террористон суқут кард.

Ҳамлаҳои мазкур аввалин ҳамлаи хориҷӣ ба хоки Амрико дар ду қарни гузашта буд ва сабаб шуд, ки Иёлоти Муттаҳида амалиёти зиддитеррористиро барои сарнагун кардани Толибон аз Афғонистон шурӯъ кунад. Толибон ба раҳбари созмони террористии Ал-Қоида паноҳгоҳ дода буданд.

"Мо набояд ба онҳое дода шавем, ки моро аз ҳам ҷудо мекунанд."

Барак Обама имрӯз дар Кохи Сафед бо дақиқаи сукут ёди қурбониёнро гиромӣ дошт. Баъдан ӯ дар як маросими гиромидошт дар вазорати дифои Амрико суханронӣ мекунад. Барак Обама рӯзи 10-уми сентябр дар муроҷиати ҳафтаинааш дар рӯзи шанбе гуфт, “шеваи вокуниши мо дар баробари терроризм муҳим аст.” Мо набояд ба онҳое дода шавем, ки моро аз ҳам ҷудо мекунанд. Мо набояд тавре амал кунем, ки асоси ҷомеаи моро мезудоянд.”

Дар рӯзи ёдбуд, дар маҳалли Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат номи онҳоеро қироат мекунанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо ҷон додаанд. Дар маросими дигаре дар Пенсилвания, дар Маҷмаии Миллии Шанквил ёди мусофирони ҳавопаймоеро гиромӣ медоранд, ки ба террористон муқовимат карданд ва ҳалок шуданд. Рӯзи 10-уми сентябр дар маросиме дар Ню Йорк зикри хайри 343 оташнишонеро карданд, ки дар натиҷаи суқути осмонхарошҳо ҳалок шуданд.

Номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва Ҳилларӣ Клинтон ба маросими ёдбуд ба маҳалли Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат мераванд ва гуфтаанд, ки дар ин рӯз маъракаи тарғиботӣ намебаранд. Дар ин рӯз паёмҳои таблиғотии онҳо дар телевизион ҳам нашр намешавад.

Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, ки дар замони ӯ ҳамлаҳо рух доданд, ба маросимҳои ёдбуд ба Ню Йорк, ё Вашингтон намеравад. Дафтари ӯ гуфт, Ҷорҷ Буш дар ин рӯз дар калисое ба шаҳри Даллас дар ҳаққи қурбониён дуо мекунад ва сипас ба бозии ду дастаи футболи амрикоӣ меравад. Дар онҷо Ҷорҷ Буш дар маросими ифтитоҳи бозӣ бо ду афсари пулисе ширкат мекунад, ки рӯзи 11-уми сентябр дар маҳалли ҳамлаҳо дар Ню Йорк буданд.

XS
SM
MD
LG