Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия 20 ҷангҷӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро кушт


Ҳавопаймоҳои Туркия бо зарбаҳои ҳавоӣ дар шимоли Сурия 20 ҷангҷӯи гурӯҳи Давлати исломиро куштанд. Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Туркия гуфт, ки ҳавопаймоҳо шоми 10-уми сентябр се бино, як мошин ва як мотосиклеро нобуд карданд, ки ба ҷангҷӯён тааллуқ дошт. Ба гуфтаи фармондеи артиши Туркия амалиёти заминӣ дар хоки Сурия бо номи “Сипари Фурот”, ки ду ҳафта пеш шурӯъ шуд, “ба таври қатъӣ” идома хоҳад кард. Ҳамзамон бо зарбаҳои ҳавопаймоҳои Туркия дар Сурия, байни сарбозони турк ва размандагони курд дар он минтақа даргирӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

XS
SM
MD
LG