Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаҳо дар Сурия 100 ғайринизомӣ ҷон бохтааст


Як созмони нозири ҳуқуқи инсон мегӯяд, ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия дар 24 соати гузашта тақрибан сад нафарро куштааст. Созмони нозири ҳуқуқи инсон дар Сурия марказаш дар Лондон рӯзи 10-уми сентябр гуфт, 58 нафар дар натиҷаи зарбаи ҳавоӣ ба бозори шаҳри Идлиб ҷон додаанд. Сенздаҳ нафарашон бино ба гузоришҳо кӯдакон ҳастанд. Ба гуфтаи созмон, дар манотиқи таҳти тасарруфи шӯришиён дар атрофи шаҳри Ҳалаб, 30 ғайринизомӣ ҷон додааст. Бовар меравад, ки ҳамлаҳои ҳавоиро ё нерӯҳои Сурия ва ё нерӯҳои Русия анҷом додаанд. Пештар аз ин Амрико ва Русия мувофиқат карданд, рӯзи 12 сентябр дар Сурия созиши оташбас аз сар гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG