Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиромидошти ёди қурбониёни ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар Амрико


Дар 15-умин солгарди ҳамлаҳои террористии рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико мардум ёди онҳоеро гиромӣ медоранд, ки дар ин ҳамлаҳо кушта шуданд. Дар он рӯз 19 узви созмони террористии Ал-Қоида чаҳор ҳавопайморо рабуда ва сарнагун карданд ва 3 ҳазор нафарро куштанд. Ду ҳавопайморо ба осмонхарошҳои Маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ кӯбиданд ва ҳардуро ба хок яксон карданд. Ҳавопаймои саввум дар вазорати дифои Амрико суқут кард ва чаҳорумӣ дар Пенсилвания ва баъди муқовимати мусофирон ба террористон суқут кард. Ҳамлаҳои мазкур аввалин ҳамлаи хориҷӣ ба хоки Амрико дар ду қарни гузашта буд ва сабаб шуд, ки Иёлоти Муттаҳида амалиёти зиддитеррористиро барои рондани Толибон аз Афғонистон шурӯъ кунад. Қарор аст, Барак Обама имрӯз дар Кохи Сафед бо дақиқаи сукут ёди қурбониёнро гиромӣ дорад. Баъдан ӯ дар як маросими гиромидошт дар вазорати дифои Амрико суханронӣ мекунад. Номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва Ҳилларӣ Клинтон ба маросими ёдбуд ба маҳалли Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат мераванд ва гуфтаанд, ки дар ин рӯз маъракаи тарғиботӣ намебаранд.

XS
SM
MD
LG