Пайвандҳои дастрасӣ

Ду намояндаи мухолифин дар порлумони Беларус


Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Белорус

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Белорус

Аз соли 2000 -ум барои аввалин бор аст, ки намояндагони мухолифин ба порлумони Беларус роҳ ёфтанд. Ин натиҷаи ибтидоӣ баъди райъдиҳии рӯзи гузашта ҳосил шудааст. Ба навиштаи хабаргузории РИА Новости Ана Канапатская, намояндаи Ҳизби Иттиҳоди Шарвандӣ дар яке аз ҳавзаҳои овоздиҳии Минск пирӯз шудааст. Ба думболи ин дар як хабари дигар гуфта шуд, ки Елена Анисим, муовини раиси "Ҷамъияти забони Беларус", ки аз мухолифин пуштибонӣ мекунад, низ ба порлумон роҳ ёфтааст. Натиҷаи интихоботи порлумонӣ рӯзи душанбеи 11 сентябр маълум мешавад. Бинобар маълумоти пешакии Камиссиюни Интихобот 484 номзад барои 110 ҷой дар порлумон вориди сабқат шуданд.

Ҳеҷ яке аз интихоботҳои кишвар дар ду даҳсолаи гузашта озоду демократӣ ба арзёбӣ нашудаанд. Александр Лукашенко, раиси собиқи колхоз, ки бештар аз ду даҳсола аст, Белорусро раҳбарӣ мекунад, барои худкомагӣ пайваста танқид мешавад.

XS
SM
MD
LG