Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 сентябр бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафтааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафари худ ба Суғдро аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оғоз намудааст. Дар Кӯҳистони Мастчоҳ оқои Раҳмон дар маросими ифтитоҳи хати интиқоли барқ ва оби нушокӣ дар шаҳраки Меҳрон, ифтитоҳи як бинои истиқоматӣ ва бинои нави ҳукумати ноҳия, иштирок кардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбарону фаъолон ва мардуми ин минтақа мулоқот ва дар назди онҳо суханронӣ намудааст. Қарор аст оқои Раҳмон аз минтақаҳои дигари ин вилоят дидан намуда ва дар маросими 25-умин солгарди истиқлолият, ки дар шаҳри Хуҷанд доир мешавад, иштирок намояд.

XS
SM
MD
LG