Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти боз як зоири тоҷик дар Ҳаҷ (10 АКС)


Арал Шукуров, сокини 61-солаи ноҳияи Дӯстӣ, баъди расидан ба Мино ҷон додааст. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ мегӯяд, ки Шукуров аз вазъи саломаташ шикоят надошт ва баъди расидан ба Мино низ хуб ба назар мерасид. Афшини Муқим, сухангӯи Кумита, ба нақл аз роҳбалади гурӯҳи Арал Шукуров гуфт, “марҳум боре аз саломатӣ шикоят накардааст. Баъди ба Мино омадан ба ӯ хаймаашро нишон додем. Марҳум гуфт, ки аввал бояд таҳорат кунам. Аммо ҳамагӣ баъди чанд дақиқа дар вақти гирифтани вузӯъ якбора ҷон дод”. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ хонаводаи Арал Шукуровро аз даргузашти ин зоири тоҷик хабардор карда ва ба онҳо тасаллият баён кардааст. Зоирони тоҷик рӯзи 10-уми сентябр аз меҳмонхонаҳои Макка ба водии Мино рафтанд ва субҳи 11-уми сентябр ба мавзеи Арафот сафар хоҳанд кард. Як рӯз пеш Сарабек Маҳмадов, зоири 62-сола аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар меҳмонхонае дар Макка даргузашт. Мақомот иллати марги Маҳмадовро сактаи қалбӣ гуфтанд. Имсол беш аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои зиёрати Каъба дар Арабистони Саудӣ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG