Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Трамп: "Путин ба раҳбарони мо механдад"


Доналд Трамп зимни суханронӣ дар аёлати Каролинаи Шимолӣ дар рӯзи 5- уми июли соли 2016.

Доналд Трамп зимни суханронӣ дар аёлати Каролинаи Шимолӣ дар рӯзи 5- уми июли соли 2016.

Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, дар сурати пирӯзиаш дар интихобот ҳар киштии эрониро, ки нерӯҳои баҳрии Амрикоро озор медиҳанд, аз баҳр берун мекунад. Доналд Трамп рӯзи 9 сентябр дар раҳпаймоие дар аёлати Флорида гуфт, артиши Амрикоро “ба ҳадде қавӣ мекунад, ки ҳеҷ кас ҷасорати бозӣ кардан бо онро нахоҳад дошт.” Ӯ ҳодисаи чанде пешро ёд овард, ки қаиқҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон нисбат ба киштиҳои амрикоӣ дағалона рафтор кардаанд. Доналд Трамп гуфт, “Вақте онҳо бо киштичаҳои хурдашон киштиҳои зебоии ҷангии моро ҳалқа мегиранд ва ишораҳое ба одамони мо мекунанд, ки набояд кунанд, дар ин ҳолат онҳоро аз об берун мекунем.” Доналд Трамп ҳодисаи ҳафтаи гузашта ва то се метр ба ҳавопаймои Амрико наздик шудани ҳавопаймои ҷангии Русия дар фазои Баҳри Сиёҳро ёдрас шуд. Ӯ гуфт, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия "ба мо, ба раҳбарони мо механдад. Вай дирӯз бо ҳавопаймояш мисли Эрон бо мо бозӣ кард ва таъна зад."

XS
SM
MD
LG