Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба сохтани нерӯгоҳи нави барқи атомӣ оғоз кард


Реактори аввалини нерӯгоҳи Бушеҳр моҳи сентябри соли 2011 ба кор андохта шуд.
Реактори аввалини нерӯгоҳи Бушеҳр моҳи сентябри соли 2011 ба кор андохта шуд.

Бино ба гузоришҳо, Эрон бо кӯмаки Русия ба бунёди нерӯгоҳи дуввуми барқи атомӣ дар шаҳри Бушеҳр оғоз кардааст. Бунёди нерӯгоҳи нав бо номи Бушеҳр-2 дар ин шаҳри бандарӣ дар ҷануби Эрон рӯзи 10-уми сентябр расман шурӯъ шудааст. Нерӯгоҳи мазкур, ки тақрибан 10 миллиард доллар барои сохтмонаш харҷ мешавад, қодир ба тавлиди бештар аз 1 миллиард мегават нерӯи барқ аст. Қарор аст, тарҳи мазкур дар зарфи 10 сол такмил шавад. Баъди созиши атомии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар моҳи июли соли гузашта бори аввал, ки Эрон ба иҷрои тарҳи нави атомӣ шурӯъ мекунад. Нерӯгоҳро ширкати давлатии “Росатом”-и Русия месозад, ки дар гузашта дар шаҳри Бушеҳр ягона нерӯгоҳи барқи атомӣ дар Эронро сохта ба кор андохт. Нерӯгоҳи Бушеҳр хатари густариши силоҳҳои атомӣ дониста намешавад, чун Русия онро бо сӯхти атомӣ таъмин мекунад ва маводи истифодашударо ҳам мебарад.

XS
SM
MD
LG