Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як ҳоҷии тоҷик аз сактаи қалб дар Макка


Як зоири тоҷик аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз сактаи қалб дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ даргузаштааст. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми сентябр ба Озодӣ гуфт, Сарабек Маҳмадов 62 сол дошта, қаблан аз бемории дил ранҷ мебурдааст. “Вай шоми 9-уми сентябр, пеш аз баровардани ҳоҷиён ба водии Мино дар меҳмонхона аз дунё даргузашт. Роҳбарияти Кумита ва аъзои ситоди Ҳаҷ-2016 тасаллият ва ҳамдардии худро ба аҳли оила ва наздикони марҳум баён медоранд,” – афзуд Афшини Муқим. Имсол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ рафтаанд. Бозгашти онҳо ба ватан рӯзи 17-уми сентябр оғоз мешавад. Соли гузашта Тоҷиева Гулсараи 66-сола аз Турсунзода ва Соҷида Нороваи 51-сола аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар рӯзҳои охири адои маносики Ҳаҷ аз бемории қалб даргузашта буданд.

XS
SM
MD
LG