Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари Фейсбук ба суиистифода аз мақом муттаҳам шуд


Нашрияи "Aftenposten" раҳбари Фейсбук Марк Зукербергро баъд аз он ки шабакаи иҷтимоӣ аксҳои ҷанги Ветнамро пок кард, ба "суиистифода аз мансаб" муттаҳам намуд. Нашрия ин изҳоротро рӯзи 8-уми сентябр дар саҳифаи аввал чоп кард ва Зукербергро "муҳаррири беҳтарини дунё" ном гузошт.

Фейсбук навиштаҷоти нависандаи норвежӣ Томас Эгеландро бо акси машҳури саҳнаи ҷанги Ветнам аз саҳифа бардошт, ки дар он кӯдакони дар ҳоли фирор аз деҳкадаи таҳти бомбаборон тасвир шудаанд. Дар бахши техникии шабака гуфтанд, ки акс инсонҳои урёнро нишон медиҳад ва ба талаботи шабакаи иҷтимоӣ мувофиқ нест. Баъд аз ин Фейсбук саҳифаи нависандаро баст.

XS
SM
MD
LG