Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Молдова даъвои пайвастани Преднестроверо ба Русия рад кард


Молдова қарори раҳбарияти Преднестрове ё минтақаи ҷудоихоҳи назди Днестрро рад кард, ки мегӯянд, дар заминаи райъпурсии 10 соли пеш ин минтақа бояд ба Русия ҳамроҳ шавад. Дар қароре, ки рӯзи 7-уми сентябр дар саҳифаи интернетии раҳбари ҷудоихоҳон Евгений Шевчук нашр шуд, гуфта мешавад, фурсати эътироф ва қабули натиҷаи райпурсии соли 2006 фаро расидааст.

Ба қавли Шевчук, дар ин раъйпурсӣ 97 дар сади мардуми Преднестрове барои ҳамроҳ шудан бо Русия овоз дода буданд. Дафтари ҳукумати Молдова дар умури ҳамоиши дубора мегӯяд, ки ин райъпурсӣ ғайриқонунӣ буд. Мақомоти Маскав аз шарҳи мавзуъ худдорӣ кардаанд.

Минтақаи назди Днестр, ки на бо Русия, балки бо Украина марзи муштарак дорад, дар соли 1990 аз Молдова бурида шуд, вале эътрофи байналмилалӣ наёфт. Ин минтақа моҳи декабр интихобот баргузор мекунад ва интизор меравад, ки Евгений Шевчук дар он иштирок кунад.

XS
SM
MD
LG