Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси Сурия дар мулоқоти вазирони хориҷии Амрико ва Русия


Котиби давлатии Амрико Ҷон Керрӣ ва ҳамтои руси ӯ Сергей Лавров барои баҳси созиши сиёсии Сурия, ки битавонад ба ҷанг дар ин кишвар хотима гузорад, дар Женева баҳам омаданд. Қабл аз мулоқоти рӯзи 9-уми сентябр, Департаменти давлатии Амрико гуфт, ки баҳс ба коҳиши хушунат, кумаки башардӯстона ба мардуми Сурия ва пеш рафтан бо ҳалли сиёсие тамаркуз мекунад, ки ба ҷанг хотима гузорад. Вашингтон ва Маскав дар ҷанги Сурия аз тарафҳои муқобил пуштибонӣ мекунанд. Кремлин ба Башор Асад кумак мекунад ва Вашингтон гӯрӯҳҳоеро дастгирӣ мекунад, ки истеъфои Асадро талаб доранд. Керрӣ ва Лавров дар ҳафтаҳои ахир дар заминаи афзоиши ҳамкории низомии Русияву Амрико барои мубориза бо гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" ва гурӯҳҳои тундрави дигар бо ҳам вориди музокирот ҳастанд.

XS
SM
MD
LG