Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: Тағйироти ҷиддӣ нахоҳад шуд


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев – раиси ҷумҳури Қазоқистон – рӯзи 9-уми сентябр, зимни ҷаласаи васеи ҳукумат гуфтааст, ки баъди истеъфои сарвазир Карим Масимов дар девони вазирони ин кишвар тағйири ҷиддие дар назар нест. "Ҳоло ҳукумат дар истеъфо аст. Ин масъала зуд ҳалли худро хоҳад ёфт ва интихоби раҳбарони шумову вазирон дер давом намекунад. Фикр мекунам, тағйироти ҷиддӣ намешавад”, - иқтибос овардааст хабаргузории "Казинформ" аз суханони Назарбоев.

Вазифаи сарвазирро муваққат муовини аввали сарвазир Боқитҷон Сагинтоев иҷро мекунад. Сарвазири ҳамакнун пешини Қазоқистон 8-уми сентябри соли равон раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар таъин шуд. Карим Масимов дар ин мақом Владимир Жумакановро иваз кард, ки ахиран мушовири президент интихоб гардид.

Президенти Қазоқистон афзудааст, тағйири кадрҳо мантиқи худро дорад. "Ин ба зарурати пурзӯр ва баланд бардоштани амният марбут аст. Масимов дар як замони хеле ҳассос бо назардошти таҷрибаи кориаш ва вазъи ҷумҳурӣ ба ин вазифа таъин шуд", - изҳор доштааст Назарбоев.

XS
SM
MD
LG