Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон асирони қирғизистониро озод кард


Узбакистон чаҳор корманди истгоҳи фиристандаҳоро, ки дар куҳи Унгар-Тоо ҷойгир аст, ба марзбонони Қирғизистон дод. Ин кормандон дар натиҷаи гуфтушуниди ҳайатҳои ду ҷониб раҳо шудаанд. Яке аз боздоштшудаҳо гуфтааст, ки ҷониби Узбакистон бо онҳо муносибати хуб дошт. Дар рафти гуфтушунид раҳбарони шуъбаҳои ноҳиявию вилоятии Хадамоти марзбонии Қирғизистон ширкат доштаанд.

Женишбек Жоробеков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон гуфтааст, ҷониби Узбакистон барои озод кардани кормандони истгоҳ шартеро дар миён нагузошт. "Узбакистон шаҳрвандони моро дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи президент, ҳукумату вазоратхонаҳо ва бар пояи созишномаи комиссияи байниҳукуматӣ озод кард. Бино ба иттилои муқаддамотӣ, нисбат ба кормандони истгоҳи фиристандаҳо бо гумони убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ боз ва ҷарима муайян шудааст. Баъди содир шудани қарори додгоҳ онҳоро ба мо доданд. Мо бо кормандон суҳбат доштем ва вазъашон хуб аст", - изҳор доштааст вай.

Ёдрас мешавем, 22-юми августи соли равон чархболи МИ-8 ҳафт корманди ВКД Узбакистонро дар минтақаи баҳсии марзӣ, наздикии истгоҳи фиристандаҳо дар куҳи Унгар-Тоои Қирғизистон фуруд овард. Хадамоти марзбонии Қирғизистон субҳи 24-уми август хабар дод, ки кормандони истгоҳи фиристандаҳоро ба шуъбаи корҳои дохилии Янгиқурғони Узбакистон бурданд. Мақомоти узбак гуфтанд, шаҳрвандони Қирғизистон дар ин минтақа ғайриқонунӣ ҳузур доштанд.

XS
SM
MD
LG