Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари FBI: "Пирӯзӣ бар ДИИШ охири терроризм нест"


Ҷеймс Коми
Ҷеймс Коми

Ҷеймс Коми, раҳбари Бюрои федеролии тафтишотии Амрико (FBI) гуфт, ки шикасти гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ таҳдиди ин гурӯҳро ба ҷаҳони мутамаддин кам намекунад. Ӯ рӯзи 8-уми сентябр гуфт, "шикасти ДИИШ, ба назари ман, иттифоқ меафтад, вале барои FBI таҳдиде хоҳад буд, ки то панҷ соли дигар тасаллут хоҳад дошт."

Ин мақоми истихборотии Амрико пешгӯӣ кард, ки садҳо қотили обутобёфта дар ҷанг метавонанд ба шимол, ба Аврупои Ғарбӣ раванд ва ҳуҷумҳоеро мисли дар Порис ва Брюссел анҷом диҳанд ва бархе ҳам ин ҳуҷумҳоро ба Амрико биёранд.

Ҷон Бренан, раҳбари Маркази истихбороти Амрико (ЦРУ) низ мегӯяд, ҷангҷӯне, ки аз даргириҳо ҷон ба саломат мебаранд, кӯшиш мекунанд ба кишварҳои худ баргарданд ва амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. Ӯ гуфт, теъдоди ҷангиёни Ал-Қоида дар Ироқ ба чандсад расида буд, аммо онҳо тавонистанд дубора дар шакли ДИИШ бузург шаванд.

XS
SM
MD
LG