Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии қарзи $3 миллиардии Украина ба Русия


Додгоҳи олии Бритониё моҳи январи соли оянда ба баррасии қарзи 3-миллиарддолларии Украина ба Русия оғоз мекунад. Дар ин бора муовини вазири молиёти Русия рӯзи 8-уми сентябр хабар дод. "Мурофиаи додгоҳӣ аз 17 то 20-уми январ ҷараён мегирад ва ҳамагӣ 3 рӯз идома мекунад", - гуфт Сергей Сторчак.

Русия охири соли 2013, дар замони раҳбарии Виктор Янукович, ба Украина 3 миллиард доллар қарз дод. Янукович дар пайи шӯришҳои мардумӣ аз мақом барканор шуд. Моҳи декабри соли гузашта баъди талошҳои нокоми ҳаллу фасли пардохти қарз, Украина аз баргардондани пул даст кашид ва гуфт, ки ин маблағ ба Янукович ҳамчун ришва тақдим шуда буд.

Маскав, ки ҳоло аз буҳрони иқтисодӣ азият мекашад, на танҳо ба Киев дар пардохти қарз сабукӣ надод, балки қазияро ба додгоҳи Лондон бурд. Ин танҳо яке аз парвандаҳоест, ки ду шарики собиқ ва ҳоло душмани ашаддӣ ба додгоҳ бурдаанд. Баҳсҳо бар сари қиммати қарордоди газ, тасарруфи Қрим ва хисороти ҷанг дар шарқи Украина аз даъвоҳои бузургест, ки ҷонибҳо алайҳи якдигар пеш мебаранд.

XS
SM
MD
LG