Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Фаронса мегӯянд, ки бо гумони омодагӣ ба анҷоми амалҳои хушунатомез се зани "тундрав"-ро дастгир кардаанд.

Боздошти занон дар доираи тафтиши парвандаи мошине сурат гирифтааст, ки аз назди калисои Нотр-Дами Порис бо балонҳои пур аз газро пайдо кардаанд. "Ин се зани 19, 23 ва 39-сола эҳтимол бар ивази пули зиёд қасд доштанд, ки рӯзҳои наздик амали хушунатомезеро анҷом диҳанд", - гуфтааст Бернар Казнев, вазири корҳои дохилии Фаронса зимни изҳороти телевизиониаш.

Ба гуфтаи вай, яке аз дастгиршудаҳо ҳангоми боздошт муқовимат нишон дода, дар натиҷа аз тири кормандони пулис захм бардоштааст. Қаблан Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, хабар дод, ки рӯзҳои ахир аз як амали хушунатомез дар кишвараш пешгирӣ шудааст. Вале ҷузъиёти онро шарҳ надод.

Дар Фаронса баъди як қатор амалҳои хунини тундравон, аз ҷумла ҳамлаи моҳи ноябри соли гузаштаи Порис, ки 130 кушта барҷой гузошт, сатҳи баланди хатари террористӣ вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG