Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон ҳар ду сол Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиёнро мизбонӣ мекунад


Қирғизистон дар ҳар ду сол Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиёнро мизбонӣ хоҳад кард. Ин нуктаро Сафар Исҳоқов, сардори Шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон зимни як нишасти хабарӣ баён доштааст. Ба гуфтаи вай, бозиҳои мазкур имсол дар сатҳи баланд баргузор ва ба тамоми ҷаҳониён намоиш дода шудааст. "Қирғизистонро аз зовияи нав шинохтанд", - гуфтааст Исҳоқов.

Қаблан интизор мерафт, ки ҳаққи баргузории бозиҳои навбатиро кишвари дигар, аз ҷумла Туркия ё Қазоқистон соҳиб шаванд. Ёдрас мешавем, Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён II аз 3 то 8 сентябри соли равон бо иштироки наздики 1000 варзишгар аз 63 кишвари ҷаҳон дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон идома ёфт.

Расми анҷоми он 8-уми сентябр дар майдони аспдавонии Чолпон-Ота баргузор ва барномаи консертӣ бо иштироки ситораҳои машҳури эстрадаи Қирғизистон пешкашӣ бинандаҳо шуд. Бозиҳои нахустини ҷаҳонии аспдавонӣ моҳи сентябри соли 2014 баргузор гардида буд.

XS
SM
MD
LG