Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳпаймоии 52-ҳазорнафара дар Душанбе


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар роҳпаймоӣ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, ки имрӯз, 9 сентябр гузаронида шуд, 52 ҳазор донишҷӯву мактаббача ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ, ширкат карданд.

Ин раҳпаймоӣ дар майдони "Дӯстӣ"-и Душанбе гузаронида шуд ва ҳудуди 50 ҳазор донишҷӯву шогирди мактабҳо ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то Исмоили Сомонӣ раҳпаймоӣ карданд. Дар ин маросим раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт ва суханронӣ кард.

Маросимҳо ба муносибати Рӯзи Истиқлол дар тамоми минтақаҳои кишвар идома доранд. Шаҳри Хуҷанд -- маркази вилояти Суғд рӯзҳои оянда мизбони маросими бошукӯҳи дигар ба муносибати ин ҷашн хоҳад буд, ки қарор аст раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он иштирок кунад.

25 сол қабл, рӯзи 9-уми сентяби 1991, дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул шуд. Зери ин санад раиси вақти Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур Қадриддин Аслонов имзо гузошт ва дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве ифтитоҳ шуд.

Тоҷикистон пас аз 8 моҳи эълони истиқлолият ба гирдоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт, ки панҷ сол идома кард. Дар ин ҷанг, ки то соли 1997, замони имзои Созишномаи сулҳ, давом кард, 150 ҳазор сокини Тоҷикистон кушта ва наздики як миллион нафар бехонаву дар шуд.

XS
SM
MD
LG