Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон Трампро барои ситоиши Путин танқид кард


Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби Демократи ИМА дар интихоботи раёсати ҷуҳмур, рӯзи 8 сентябр рақиби худро аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ барои ситоиши Путин ва интиқоди низомиён мазаммат кард ва гуфт, Трамп натавонист собит кунад, ки метавонад сарфармондеҳ бошад. Ӯ дар Ню Йорк ба хабарнигорон гуфт, "аз ҳар як ҷумҳурихоҳ, ки мақоме дорад ва ё мехоҳад мақомеро дар кишвари мо соҳиб шавад, бояд пурсид, ки бо Трамп ҳамфикр аст ё хайр. Ду номзад рӯзи гузашта дар форуми амниятӣ суханронӣ карданд, ки баъзе чолишҳои сиёсати хориҷии Амрикоро баҳс мекард.

Клинтон барои истифодаи почтаи электронӣ, дар замони фаъолияташ дар Департаменти давлатӣ ва пуштбониаш аз қарори ҳуҷум ба Ироқ пайваста танқид мешунавад. Пештар аз ин номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп гуфт, ки дар аҳди Обама генералҳои амрикоӣ "ба хок баробар шуданд". Трамп ситоиши Путин ва бадбинии Обамаро такрор кард ва гуфт, ки 82% дар Русия аз Путин пуштибонӣ мекунанд. "Ин одам бар кишвари худ назорати қавӣ дорад"- гуфт Трамп ва афзуд, "ин сохтори дигар аст, ман онро хуш надорам, аммо Путин дар ин сохтор яқинан лидер аст, бештар аз он ки президенти мо лидер аст."- гуфт Трамп. Интихоботи президентии Амрико 8 ноябр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG