Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карим Масимов - раиси нави Кумитаи амнияти Қазоқистон


Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон, рӯзи 8-уми сентябр раҳбари нави Кумитаи амнияти миллии ин кишвар таъин шуд. Боқитҷон Сангитаев муваққатан вазифаи нахуствазири Қазоқистонро иҷро хоҳад кард. Масимов бори аввал ба курсии нахуствазирӣ дар соли 2007 нишаст ва то лаҳзаи охир дар ин мақом буд. Аммо ӯ дар ин миён ду сол (аз соли 2012 то 2014) ба ҳайси раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Қазоқистон кор кардааст. Карим Масимови 51-сола Донишкадаи забонҳои Пекин, Донишкадаи ҳуқуқи Чин ва Академияи идоракунии давлатии Қазоқистонро хатм кардааст.

XS
SM
MD
LG