Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

$10 млн барои мубориза бо хатароти офатҳои табиӣ


Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва давлати Ҷопон барои муқобила бо хатароти офатҳои табиӣ ва ҳамкориҳои наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон 10,6 миллион доллар ҷудо кардаанд.

Бино ба иттилои манобеи Барномаи рушди Созмони Милал дар Душанбе, рӯзи 7 сентябр дар ин замина миёни Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва Ян Харф, мудири Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, санади ҳуқуқӣ имзо шуд.

Бар асоси ин тарҳ, дар 4 соли оянда дар Тоҷикистон ва вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Кундузи Афғонистон тадбирҳо барои поин бурдани хатароти ношӣ аз офтаҳои табиӣ рӯи даст гирифта шуда ва ҳамкорҳои наздимарзӣ дар минтақаҳои марзии ин ду кишвар рушд хоҳад ёфт.

Мудири кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ян Харфт гуфт, ки ин тарҳ дар роҳи тавсеаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва Агентии миллии ҳолатҳои фавқулоддаи Афғонистон барои поин бурдани хатароти офатҳои табиӣ ва огоҳ сохтани сокинон аз ин гуна хатарот мусоидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG