Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон (ВИДЕО)


Дар Афғонистон маъракаи ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи машҳури афғон, ҷараён дорад. Аҳмадшоҳи Масъуд рӯзи 9-уми сентябри соли 2001, ду рӯз пеш аз ҳамлаҳои террористӣ дар Амрико, аз дасти ҷангиёни Ал-Қоида ба қатл расида буд.

Рӯзи 8-уми сентябр оғози "Ҳафтаи шаҳидон" дар Афғонистон аст. Ин маърака ҳар сол бо ёдоварӣ аз Аҳмадшоҳи Масъуд ва қаҳрамонҳои дигари ин кишвар баргузор мешавад, ки дар ҷанги зидди Шӯрави ва зидди Толибон ҳалок шудаанд. Масъуд баъди ҳалокаташ аз дасти ҳамлагарони интиҳории Ал-Қоида унвони Қаҳрамони Афғонистонро соҳиб шудааст.

Интизор меравад, ҳазорон ҷонибдори ин фармондеҳи машҳур, ки бахши умдаи онҳоро тоҷикҳои Афғонистон ташкил медиҳанд, дар роҳпаймоии ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд иштирок кунанд. Қарор аст, мақомоти ҳукумат низ бо адои эҳтиром дар Кобул ҷамъ шаванд. Дар пешорӯи ин маърака чораҳои амниятӣ дар пойтахти Афғонистон таҳким ёфт.

XS
SM
MD
LG