Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурия бар ивази ҷасадҳо 2 сарбози рус 85 зиндониро озод мекунад


Тобути як сарбози кушташудаи рус дар Сурия. Акс аз бойгонӣ.

Тобути як сарбози кушташудаи рус дар Сурия. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Сурия дар ивази ҷасади ду сарбози рус, аз зиндонҳои ҳукуматӣ наздики 85 зиндониро раҳо хоҳанд кард. Сарбозони рус дар суқути чархболи Ми-8 дар вилояти Идлиб 1 август кушта шуданд.

Пештар аз ин як гуруҳи суриягиҳо, ки худро Бунёди асосии умури гаравгонон меноманд, пешниҳод карданд, ҷасади сарбозони рус бо зиндониҳое, ки дар маҳбасҳои режими Башор Асад ва гуруҳи "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон нигаҳдорӣ мешаванд, иваз карда шаванд.

Чархболи низомии Русия рӯзи 1 август дар ҳудуди вилояти Идлиб сарнагун ва ҳамаи панҷ сарнишинонаш кушта шуданд. Ин бузургтарин талафоти низомиҳои Русия аз замони оғози амалиёти низомӣ дар Сурия унвон мешавад. Амалиёти низомии Русия дар Сурия охири моҳи сентябри соли 2015 шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG