Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби коммунист ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват кард


Исмоил Талбаков, раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, дигар аҳзоби сиёсӣ ва тамоми мардуми кишвар даъват кардааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ноорому пуртаззод аст, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Раҳбари коммунистони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 8 сентябр зимни ироаи табрикоти ҳизб ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди истиқлоли кишвар ба мардуми Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ истиқлолиятро орзуи ҳазорсолаи миллати тоҷик гуфт ва орзуи онро намуд, ки мардуми Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони рӯи олам садсолаҳо ин дастоварди муқаддасро дар фазои оромӣ, сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ бо дастовардҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҷлил кунанд.

Ба таъкиди ҷаноби Талбаков “авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ноорому пуртаззод аст, ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва ҷонибдорони онро беташвиш гузошта наметавонад. Аз ин хотир ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар арафаи ҷашнгирии истиқлоли Тоҷикистон ба ҳамаи аъзои ҳизб, ҷонибдорон, дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва тамоми мардуми кишвар муроҷиат карда аз онҳо даъват менамояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои мустаҳкам намудани пойдории ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва давлату давлатдорӣ, рушди демократия, ки ба баланд гардидани маърифати сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ мусоидат менамояд, дар атрофи пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гарданд.”

Зимнан, ҳизби коммунисти Тоҷикистон нахустин ташакули сиёсӣ аст, ки дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди истиқлол ба ҳушёриву зиракӣ даъват мекунад ва хоҳони оромиву амнияти кишвар аст. Ҳизби коммунист пас аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ ҳизби дувумин сераъзо дар Тоҷикистон аст, ки шумораи аъзояш то аввали соли 2015 ба 45 ҳазор нафар мерасид. Вале мақомоти ин ҳизб мегӯянд, дар зарфи якуним соли охир аъзоеро, ки робитаашонро бо ҳизб қатъ карда ё ба муддати тӯлонӣ дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, аз сафи ҳизб хориҷ намуданд ва ҳоло шумораи аъзои Ҳизби коммунист ба 37 ҳазор нафар баробар аст.

XS
SM
MD
LG