Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейболи соҳилӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии тими Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба охир расид.

Ин мусобиқаро, ки рӯзҳои 6-7 сентябр дар майдони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов баргузор шуд, Кумитаи миллии олимпии кишвар дар ҳамкорӣ бо Федератсияи волейболи соҳилии ҷумҳурӣ баргузор кард.

Дар мусобиқа шаш дастаи мардона - се даста аз шаҳри Душанбе, ду даста аз вилояти Хатлон ва мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ - ширкат карданд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ бар тими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 пирўз шуд. Ба дастаи ғолиб, инчунин ба тими Донишгоҳи миллӣ ва дастаи Душанбе-3, ки мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро ишғол карданд, Ҷому тўҳфаҳои хотиравии Кумитаи миллии олимпӣ тақдим шуд.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 8 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мусобиқа бо мақсади рушди волейболи соҳилӣ дар кишвар баргузор шуд. Ӯ иброз дошт, ки ин риштаи варзиш ба барномаи Бозиҳои осиёӣ оид ба намудҳои соҳилӣ дохил аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG