Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди изҳороти Лавров аз сӯи Амрико


Амрико эълони Русияро, ки котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳ бо вазири корҳои хориҷии Русия созишномаи оташбаси Сурияро рӯзи 8-уми сентябр дар Женева ниҳоӣ мекунанд, таъйид накард. Сухангӯи Департаменти давлатии Амрико Марк Тонер рӯзи 7-уми сентябр баъди гуфтугӯи телефони бо Ҷон Керрӣ гуфт, "мо то ҳол ба он марҳила нарасидаем" ва афзуд, "чолишҳое вуҷуд доранд, ки бояд ҳал шаванд".

Пештар аз ин Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, дипломатҳои аршади ду кишвар ба созиш расидаанд ва умед доранд, ки дар як мулоқоти дурӯза нерӯҳои ҳарду тарафро дар мубориза бо терроризм муттаҳид карда, роҳро барои густариши кумакҳои башарӣ боз намоянд. Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама рӯзи 5-уми сентябр дар ҳошияи нишасти кишварҳои пешрафтаи саноатӣ дар заминаи дастёбӣ ба созиши оташбаси Сурия бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард. Ӯ баъди мулоқот гуфт, ки фосилаҳое дар байни ду тараф вуҷуд доранд, ки ҳанӯз наздик нашудаанд.

XS
SM
MD
LG