Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои нахуствазири Арманистон


Дар пасманзари коҳиши иқтисод ва афзоиши эътирози шаҳрвандон Новик Абраҳамиён, нахуствазири Арманистон, аз мақомаш истеъфо дод. Ӯ рӯзи 8-уми сентябри дар нишасти Шӯрои вазирони Арманистон гуфт, "мо ба дидгоҳҳои нав ва оғозҳои тоза ниёз дорем. Мо бояд дар фикри оянда бо таъсиси ҳукумати нав бошем."

Ин таҳаввулот як ҳафта баъд аз пешниҳоди Серж Саркисиён, раиси ҷумҳури Арманистон дар бораи таъсиси ҳукумати оштии миллӣ ҷараён гирифт. Абраҳамиён ду сол пеш ба мақоми нахуствазир таъин шуд, вале натавонист иқтисодро дар ин кишвари кӯчаки Қафқози Ҷанубӣ ба эътидол биёрад.

Иқтисод дар як соли охир ба шиддат поён рафт ва вобастагии кишварро ба кумак ва сармоягузории Русия, бо шумули маблағҳои муҳоҷирони корӣ бештар кард. Ҳукумат, инчунин, моҳи июл ба бурузи ғайриинтизори хушунат дар марзҳояш бо Озарбойҷон рӯ ба рӯ шуд ва чанде пеш бӯҳрони ишғоли идораи пулис аз тарафи афроди мусаллаҳро пушти сар кард, ки озодии мухолифони маҳбусро талаб мекарданд. Матбуоти Арманистон мегӯяд, ки Новик Абраҳамиёнро дар ин мақом эҳтимол Карен Карапатиён, собиқ мири Ереван ва собиқ раҳбари ширкати давлатии газ иваз мекунад.

XS
SM
MD
LG