Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет дар Қирғизистон се баробар гарон шуд


Ширкатҳои фароҳамкунандаи Қазоқистон арзиши тарофаҳои Интернетро барои Қирғизистон аз 1,5 то 3 баробар гарон карданд. Ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернети Қазоқистон борҳо огоҳ карда буданд, ки арзиши Интернетро боло хоҳанд бурд, аммо сабаби ин болоравӣ то кунун эълон нашудааст.

Дар робита ба ин мақомоти дахлдори Қирғизистон аз Қазоқистон хостаанд, ки сабаби боло бурдани арзиши тарофаҳоро шарҳ диҳад.

Қирғизистон 90% Интернетро аз Қазоқистон мехарад, Қазоқистон ҳам дар навбати худ онро аз Русия дастрас мекунад. Агар Қазоқистон арзиши тарофаҳоро бознигарӣ накунад, Қирғизистон рӯ ба Интернети арзон, вале камсифати Чин хоҳад овард.

Тибқи иттилои расмӣ, шумори истифодабарандагони фаъоли Интернет дар Қирғизистон дар соли 2015 бештар аз 4 миллиону 750 ҳазор нафарро ташкил додааст. Наздики 79 дарсади аҳолии ин кишвар ба Интернет дастрасӣ доранд.

XS
SM
MD
LG