Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷалолобод


Афроде, ки барои вуруд ба неругоҳи Курпсайки Қирғизистон боздошт шуда буданд ва аз онҳо ба унвони шаҳрвандони Тоҷикистон ном мебаранд, коргарони яке аз сохтмонҳо дар Санкт-Петербург будаанд. Расонаҳои қирғизӣ аз қавли дафтари матбуоти Горди миллии Қирғизистон рӯзи панҷшанбеи 8 сентябр навиштанд, ки ин афрод аз Русия ба Тоҷикистон бармегаштанд ва барои қасди вуруд ба ҳудуди ниругоҳи Курпсайк боздошт гардиданд.

Аммо манобеъ навиштаанд, ки чӣ тавр ин афрод дар ин минтақа афтодаанд, маълум нест. Гуфта мешавад, аз онҳо шиносномаҳои тоҷикӣ ва аз ҳар кадоме 200 ҳазор рубли русӣ кашф кардаанд. Дар ҳамин ҳол, ин афрод ҳоло дар Раёсати шаҳри Қара-кули вилояти Ҷалолобод қарор доранд.

Қаблан расонаҳои қирғизӣ бо такя ба дафтари матбуоти Горди миллии Қирғизистон аз иқдоми ҷилавгирӣ барои қасди вуруд ба ҳудуди нерӯгоҳи Курпсайск хабар доданд. Ба навиштаи ин расонаҳо, дар пайи бонги хатар, ҳайати шахсӣ афродеро боздошт кардаанд, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд ва барои таҳқиқи ҳодиса онҳо ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ супорида шудаанд.

Аммо дар ин хабарҳо теъдоди афроди боздоштшуда эълон нашудааст. Ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон низ то ба ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назаре накардаанд.

XS
SM
MD
LG