Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани боз як қочоқчӣ дар марз


Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз кушта шудани боз як қочоқбари маводи мухаддир дар марзи ин кишвар бо Афғонистон хабар дод. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 8 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби 6 ба 7 сентябр дар яке аз минтақаҳои марзии гузаргоҳи “Хоруғ” дар қаламрави вилояти Бадахшон бо Афғонистон, миёни марзбонони тоҷк ва гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир, даргирӣ ба амал омад.

Ба гуфтаи ҷаноби Улуғхоҷаев, қочобарон, ки ду нафар қочоқбар аз қаламрави Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид шуда ва ҳатто ба ҳушдори дастаи марзбюонон итоат накарданд, ки дар натиҷа миёни онҳо задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилои сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар пайи ин задухӯрд як қочоқчӣ кушта шуда ва қочоқчии дувум бо истифода аз торикии шаб ба он сӯи марз паноҳ бурдааст. Дар маҳалли задухӯрд, 11 килограмм маводи мухаддири навъи ҳашиш ва як туфангчаи тамғаи ПМ9мл, 6 адад тир бо тирдон ва балони резинӣ кашфу мусодира шудааст.

Кушта шудани як кочоқчии маводи мухаддири афғон дар марзи Бадахшон дар ҳолест, ки се рӯзи пеш дар минтақаи марзии “Панҷ”, дар ҷануби Тоҷикистон низ дар пайи задухурди мусаллаҳона як қочоқчии дигари афғон кушта шуда буд.

Тибқи иттилои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, аз аввали соли ҷорӣ то кунун 19 мавриди задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рух додааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар пайи ин задухӯрдҳо 10 марзшикан кушта шудаанд.

Ҳудуди 1400 километр марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як масири интиқоли маводи мухаддир ба бозорҳои сиёҳи Осиёи Марказӣ ва Русия ба шумор меравад. Дар ин авохир бо фаъол шудани гурӯҳҳои ифротгаро дар шимоли Афғонистон нигарониҳои амниятӣ аз ноҳияи ин марз низ бештар шудаанд.

XS
SM
MD
LG