Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон имрӯз президенти муваққатӣ таъйин мекунад


Мақомоти расмии Узбакистон рӯзи 2 сентябр ба таври расмӣ даргузашти Ислом Каримовро эълон карданд.

Мақомоти расмии Узбакистон рӯзи 2 сентябр ба таври расмӣ даргузашти Ислом Каримовро эълон карданд.

Қарор аст, имрӯз дар ҷаласаи муштараки палатаҳои Қонунгузорӣ ва Сенати Узбакистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури ин кишвар таъйин шавад. Бино ба моддаи 96-и Қонуни асосии Узбакистон, “дар сурати аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи худ набаромадани президент, ваколатҳои ӯ ба таври муваққат ба зиммаи раиси Сенати Маҷлиси Олӣ вогузор шуда ва дар зарфи се моҳ тибқи Қонуни “Интихоби президенти Ҷумҳурии Узбакистон”интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд”.

Феълан Неъматулло Юлдошев раёсати Сенати Маҷлиси Миллии Узбакистонро ба ӯҳда дорад. Неъматулло Йӯлдошев 5 ноябри соли 1962 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Хатмкунандаи факултети ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тошканд аст. Дар ниҳодҳои додситонӣ фаъолият кардааст. Дар солҳои 2008-2011 муовини Додситони кулл ва дар солҳои 2011-2015 вазири адлияи Узбакистон буд. 22 январи соли 2015 раиси Сенат интихоб гардид. Хабари фавти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон рӯзи 2 сентябр сили ҷорӣ эълон шуда ва рӯзи дигар дар шаҳри Самарқанд дафн гардид.

XS
SM
MD
LG