Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танфурӯшӣ зери чатри "маҳси таскинбахш"?


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар пайи афзоиши назорат аз болои танфурӯшон ва рейдҳои пулис дар як соли ахир дар Тоҷикистон зоҳиран ин гурӯҳи занон шеваи кори худро тағйир дода, зери чатри масҳгарӣ рафтаанд. Акнун на ҳамаи онҳо мисли солҳои гузашта мизоҷони худро дар хиёбону ҷойҳои фароғатӣ меҷӯянд.

“Маҳси таскинбахш”

“Духтари зебо маҳси ҳирфаӣ мекунад”, “Масҳи тамоми бадан. Лола. 21-сола”, “Маcҳи таскинбахш”. Эълонҳо ба ин мазмун, ки ба сокинон маҳси хубу роҳатбахшро ваъда медиҳанд, дар нашрияву сомонаҳои тарғиботии кишвар аз ҷиҳати сершуморӣ рекламаҳои дигар молу анвоъро пеш

Натиҷаи рейдҳо аз рӯйи эълони маҳсгарон муайян кард, ки дар байни онҳо муттахассисон кам ҳастанд, ё аслан иҳуҷҷат надоранд.

гузаштаанд. Агар дар баъзеи ин эълонҳо ҳунари маcҳгар тарғиб шавад, бархеи дигар ҳатман ба синну сол, қомат ва зоҳири маcҳгар ишора мекунанд ва ҳамин нукта дар эълонҳо диққати бархеро ба худ ҷалб карда, кори маcҳгарон зери шубҳа қарор мегирад.

Шубҳаомез боз ин будааст, ки он онҳо мизоҷони занро қабул намекунанд. Маҳваш, як сокини Душанбе мегӯяд, вақте аз рӯйи зарурат ва барои табобат тариқи эълон ба рақами чанд маcҳгар занг зад, ба ӯ посухи рад додаанд. “Чанд нафараш ҷавоб доданд, ки мо занҳоро маcҳ намекунем. Агар ҳадаф, воқеан, маcҳ аст, пас набояд фарқ дошта бошад, ки он зан аст, ё мард,” – гуфт ӯ.

“Дигар хизматрасониро аз наздик маслиҳат мекунем”

Соати кории ин гурӯҳи занон, тавре худашон, мегӯянд, то 8-10 и шаб идома мекунад ва бо дархости мизоҷ метавонанд дар поси шаб ҳам ӯро қабул кунанд. Дар нақши як корафтода мо ба чанде аз ин занони маcҳгари “ҷавон”-у “зебо” тамос гирифтем ва ин маълумотро ҳам аз сӯҳбат бо худи онҳо ба даст овардем. Яке аз ин занони, ба гуфтаи худаш, маcҳгар, ки бино ба эълони гузоштааш 21 сол доштааст, баробари бардоштани гӯшии худ ба додани маълумот дар бораи кораш шурӯъ кард:

“Мо маcҳи умумӣ мекунем ва дар охир як маҳси таскинбахш. Ҳамааш 100 сомонӣ.

Кори шумо танҳо аз маҳс иборат аст?

Дигарашро аз наздик маслиҳат мекунем.

Дар куҷо маcҳ мекунед?

Дар хонаи иҷораи худамон.

Агар шуморо ба хонаи худамон даъват кунем чӣ?

Не, бори якум бояд ба назди мо оед ва шинос шавем. Баъд, мумкин равем.”

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Душанбе расман 35 маcҳгар дорад

Мақомот мегӯянд, эълонҳо бо пешниҳоди хизмтарасонии маcҳ дар як соли ахир афзоиш ёфтааст. Дар Душанбе бино ба омори омори расмӣ 35 нафар барои фаъолияти маcҳгарӣ иҷозатнома доранд. 14 нафар чун шахси инфиродӣ ва 26 нафари дигар дар ҳайати марказҳои маcҳгарӣ кор мекунанд. Аммо таҳлилу рейдҳои Хадамоти назорати давлатии тиббӣ дар назди Вазорати тандурустӣ муайян кардааст, ки бархе аз ин маcҳгарон тасодуфианд ва бидуни ягон иҷозатнома ва маълумоти тиббӣ фаъолият мекунанд.

Камолиддин Шарифов, масъули раёсати шаҳрии Хадамоти назорати давлатии тиббӣ, мегӯяд, “натиҷаи рейд ё ташхисҳои мо, миёни масҳгарон, ки аз рӯйи эълонҳо онҳоро пайдо мекунем муайян кард, ки дар байни онҳо мутахассисон ҳам ҳастанд, ки иҷозатномаи вазорати тандурустиро доранд, вале бисёр вақт, вақте аз рӯйи реклама меравем ташхис мекунем, маълум мешавад мутахассис нестанд ё ҳуҷҷат надоранд. Мо барои фаъолияти ғайриқонунӣ онҳоро боздошт мекунем ва ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашем.”

“Фаъолияти ғайрирасмӣ”

Шарифов мегӯяд, дар пайи ин таҳлил онҳо фаъолияти ғайрирасмии шаҳрвандони хориҷиро ҳам ошкор кардаанд, ки бидуни ягон маълумоти махсуси тиббӣ дар Душанбе пешниҳоди маcҳ мекунанд. Ин масъул, албатта, дақиқ нагуфт, ки дар асл ин маcҳгарони ғайрирасмӣ ва пинҳонкор хизматрасонии дигаре пешниҳод мекунанд ё на. Аммо Вазорати корҳои дохилӣ дар гузашта аз мавридҳои ошкор шудани чанд фоҳишахонаҳое хабар дода буд, ки фаъолияти худро чун хонаҳои маcҳ пеш мебурданд.

Зери сояи маcҳгарӣ рафтани бархе аз танфурӯшон дар ҳолест, ки порлумони Тоҷикистон соли гузашта ҷазо барои танфурӯширо шадидтар кард. Инчунин, дар пайи як рейд бо дастури вазири корҳои дохилӣ соле пеш садҳо зан бо гумони танфурӯшӣ боздошт шуданд. Ҷомеашиносон мегӯянд, эҳтимол ба далели мушкил шудани пешниҳоди хадамоти шаҳвонӣ занон акнун бо истифода аз роҳҳои дигар аз ҷумла зери чатри маcҳгарӣ кори худро пеш мебаранд.

Заррина Кенҷаева

Заррина Кенҷаева

Заррина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик, ки бо занон сарукор дорад, гуфт, “албатта, ин барои бархе як баҳона аст барои рӯйпӯш кардани кори ҳаррӯзаашон. Баъди он ки таъқиб диданду ба мушкил дучор шуданд, эълони маcҳгарон зиёд шуд. Пештар маcҳгарони ҳирфаӣ бештар кори худро тарғиб мекарданд. Ҳоло як нафар агар нашрияи рекламаро барои, масалан, хариди хона гирад, бо таблиғи зиёди маcҳгарон дучор мешавад.”

Аммо муттахассисони соҳаи тиб мегӯянд, маcҳ ба сари худ кори осон нест ва нафаре, ки ҳадди ақалл маълумоти нопурраи тиббӣ надорад, наметавонад маcҳи дурусту давобахш кунад. Сайлӣ Саломова, маcҳгари ҳирфаӣ аз маркази тиббӣ-эстетикии “Ёсуман”, гуфт, барои маcҳ шахс бояд ҳатман аз кори нафаре истифода кунад, ки омӯзиши махсус дидааст. Чун ба қавли ӯ, “надонистани нуқтаҳои табобатӣ ва техникаи маcҳ метавонад ба ҷисми инсон зарар расонад”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG