Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шабакаи давлатии Олмон Deutsche Welle мақомоти Туркияро ба "нақзи дағалонаи озодии матбуот" муттаҳам кард. Ин шабака мегӯяд, ки мақомоти турк навори сӯҳбати онҳоро бо вазири ҷавонон ва варзиши ин кишвар мусодира намудаанд.

Deutsche Welle рӯзи 7-уми сентябр гуфт, ходимони вазорат наворро дар ҳоле мусодира кардаанд, ки сухангӯи он Акиф Килич гуфт, нашрияҳои хориҷӣ иҷозаи пахши сӯҳбатҳои марбут ба табадуллоти нокоми моҳи июл ва паёмади онро надоранд. Раиси кулли Deutsche Welle Петер Лимборг ин амалро зӯроварии режими Туркия унвон кард ва гуфт, ки Туркия дигар волоияти қонунро риоя намекунад ва ба демократия ҳеҷ рабт надорад.

Лимборг гуфт, вазир ба сӯҳбат розӣ набуд ва аз оғоз хост, ки онро боз дорад, танҳо ба ин хотир ки саволҳо хушоянд набуданд. Ҳукумати Олмон аз мавқеи шабакаи Deutsche Welle пуштибонӣ кард ва сухангӯи ҳукумат Стеффен Зейберт гуфт, озодии матубот он қадар боарзиш аст, ки ҷойи баҳс надорад, на дар Туркия ва на дар Олмон.

XS
SM
MD
LG