Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти наворбардоре, ки паноҳадаҳоро зад


Додситони Маҷористон ё Венгрия алайҳи як наворбардори зан парвандаи ҷиноӣ боз кард, ки паноҳандагонро дар марзи ҷанубӣ бо Сербистон лагад задааст. Додситонӣ рӯзи 7-уми сентябр гуфт, ки Петра Ласло ба “нақзи тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам шуд, зеро далеле, ки Ласло аз рӯи бадбинии қавмӣ паноҳандаро лагад задааст, пайдо нашуд".

Мурофиаи парвандаи ӯ дар шаҳри Сегед баргузор мешавад. Ласло моҳи сентябри соли гузашта баъд аз нашри видеои лагадзанӣ дар интернет аз кор дар N1TV маҳрум шуд. Дар ин видео ӯ як зану як марди ҷавонро бо по зад ва як марди дигарро, ки дар дасташ кӯдак дошт, пешпо дод.

Ласло дар тавҷеҳи рафтори худ гуфтааст, ӯ аз дидани саҳнае, ки паноҳандаҳо сафи полисро шикаста ба пеш давиданд, дар ҳарос шуд ва ин эҳсосро дошт, ки ба ӯ ҳуҷум кардаанд. Наворбадор чанде пеш ба нашрияи "Известия"-и Русия гуфт, ки зиндагиаш баъди ин хароб шуд ва ӯ андеша дошт, ки ба Русия кӯч бандад.

XS
SM
MD
LG