Вазорати адлияи Русия ба санҷиши ғайринақшавии фаъолияти маркази байналмилалии ҳуқуқи инсони "Мемориал" пардохтааст, то муайян кунад, ки ин созмони ғайритиҷорӣ вазифаи "агенти хориҷӣ"-ро иҷро мекунад, ё на. Ин санҷиш бо ташаббуси Додситонии кулли Русия рӯзи 5-уми сентябр оғоз шуд ва натиҷааш то 30-юми сентябри соли равон эълон хоҳад шуд. Созмони мазкур бо дархости Вазорати адлияи Русия ҳамаи протокол, ҳисоботи корӣ, рӯйхати матлабҳо ва санадҳои бонкию молии 4 соли охири фаъолияташро пешниҳод кардааст.
Маркази "Мемориал" кӯҳантарин созмони ғайриҳукуматии Русия аст, ки ҳанӯз дар соли 1989, дар даврони пойбарҷоии Шӯравӣ, таъсис ёфтаааст. Яке аз самтҳои фаъолияти он тафтиши фишорҳои сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, таъсиси бойгонии қурбониёни террори бузург ва абадӣ гардондани хотираи қурбониён аст.
Баъд аз санҷиши соли 2013 дафтари "Мемориал"-ро дар Маскав маҷбур карданд, ки ҳамчун "агенти хориҷӣ" сабти ном шавад. Созмонҳои ғайритиҷории бо ин номро дар Рязан ва Екатеринбург низ "агенти хориҷӣ" хондаанд. Вазорати адлияи Русия 5-уми сентябри соли равон маркази таҳлилии Юрий Левада (Левада-Сентр)-ро ҳам ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" шомил кард.