Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди 75-сола бо дучарха ба зиёрати қабри Каримов рафт


Ҳусайн Ҳоҷибоев, марди 75-сола аз вилояти Намангони Узбакистон, субҳи 5-уми сентябр савори дучархааш ба зиёрати қабри Ислом Каримов ба самти Самарқанд ҳаракат кардааст. Айни ҳол вай ба ними роҳ расидааст ва ният дорад, ки то 8-9-уми сентябр дар Самарқанд бошад. Ба гуфтаи Ҳусайн Ҳоҷибоев, вай бояд масофаи 521 километрро аз Намангон то Самарқанд дар 4-5 рӯз тай кунад.

Ин пирамард мегӯяд, чандин сол ба раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов нома навишта, аз вай дархости кумак мекардааст. "Ҳамасола маро бо зодрӯзам, ки 1-уми сентябр аст, табрик мекард. Худаш намеомад, вале ҳокимони маҳаллӣ ба табрики ман меомаданд," - нақл кард Ҳоҷибоев.

Ислом Каримов, ки беш аз ду даҳа раҳбари Узбакистон буд, рӯзи 2-юми сентябр аз сактаи мағзӣ даргузашт. Ӯро 3-юми сентябр дар Самарқанд ба хок супориданд.

XS
SM
MD
LG