Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акси урёни донишҷӯён боиси истеъфои раиси факулта шуд


Декани факултаи таърих ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Кемеровои Русия Константин Юматов баъди нашри акси урёни донишҷӯёни соли аввал аз кор ронда шуд. Ду муовини вай низ аз кор ихроҷ шудаанд ва дар донишгоҳ тафтиш идома дорад.

Сабаби ин ҷанҷол акси урёни донишҷӯён гардид, ки чанд рӯз пештар дар Интернет нашр шудааст. Дар ин акс духтарон бо таҳпӯш ва писарон комилан урён сабт шудаанд. Дар шарҳи акс донишҷӯён навиштаанд, дар озмуне, ки барои урён шудан ба гуруҳ холҳои иловагӣ эъто мешуд, ихтиёран иштирок кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз ширкатдорони озмун мегӯянд, донишҷӯёни курсҳои болоӣ онҳоро маҷбур кардаанд, ки урён шаванд.

XS
SM
MD
LG