Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рио бозиҳои паралимпӣ шурӯъ мешаванд


Раҳмихудо Додихудоев танҳо намояндаи Тоҷикистон дар бозиҳои паралимпии Рио аст
Раҳмихудо Додихудоев танҳо намояндаи Тоҷикистон дар бозиҳои паралимпии Рио аст

Шоми 7-уми сентябр дар варзишгоҳи Мараканаи Рио-де-Жанейро маросими ифтитоҳи Бозиҳои паралимпии соли 2016 баргузор хоҳад шуд. Рақобатҳои олии варзишгарони маъюб се ҳафта баъди анҷоми бозиҳои олимпии тобистона дар Рио шурӯъ мешаванд. Дар рақобатҳои 11-рӯза беш аз 4000 варзишгари маъюб аз 161 кишвари ҷаҳон, ба ҷуз Русия, иштирок хоҳанд кард. Иштироки варзишгарони паралимпии рус дар ин бозиҳо баъди фош шудани истеъмоли допинг аз ҷониби варзишгарон, аз ҷумла варзишгарони маъюб, манъ шуд. Дар миёни ситораҳои олимпиада – Сиёманд Раҳмон, варзишгари эронӣ бо бардоштани вазна ё штангаи 300-килоӣ талош хоҳад кард, медали тиллои олимпиро ба даст оварад. Давандаи бритониёӣ Дейвид Вейр ҳам барои тилло мубориза мебарад. Тоҷикистонро дар ин бозиҳо давандаи маъюб Раҳмихудо Додихудоев намояндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG