Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи соҳиби фурӯшгоҳи силоҳи Оқтеппа барои беэҳтиётӣ


Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон баррасии парвандаи Артем Горлаев, соҳиби фурӯшгоҳи силоҳи "Паллада"-и ин шаҳрро, ки дар беэҳтиётӣ ҳангоми иҷрои вазифааш айбдор мешавад, оғоз кард.

Ба иттилои муфаттишон, ибтидои моҳи июни соли равон ҳамлаварон ҳангоми ғасби фурӯшгоҳи "Паллада" 18 адад силоҳу лавозимоти дигари ҷангиро соҳиб шудаанд. Дар натиҷаи ҳамла ба ин фурӯшгоҳ се нафар ҷон бохта буд.

Тавре додситонӣ мегӯяд, дар "Паллада" қоидаҳои тасдиқкардаи Вазорати корҳои дохилии Қазоқистонро риоя намекардаанд. "Силоҳҳоро бо симтаноби махсус набастаанд ва лавозимоти ҷангӣ ҳам бояд дар растаҳо гузошта намешуд", - афзудааст додситонӣ.

Вакилони дифои Горлаев имрӯз дар ҷаласаи нахустини додгоҳӣ иқрор карданд, ки зерҳимояи онҳо бо айбнома розӣ буда, омодааст, зери созишномаи мурофиавӣ имзо гузорад.

Рӯзи 5 июни соли равон ба ду фурӯшгоҳи силоҳ ва қисми низомии Гвардияи миллии Қазоқистон дар Оқтеппа ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо амалиёти террористӣ хонда, дар он "тундравони динӣ"-ро айбдор карданд. Дар натиҷаи ҳамла чанд тан кушта ва бештари гумонбарон нобуд карда шуданд.

XS
SM
MD
LG