Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии соҳиби нашриёти Москва барои пардохти ҷубронпулӣ


Сергей Москвин, раҳбари нашриёти Москва, ки охирҳои моҳи августи соли равон дар натиҷаи сухтори он 17 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон ба ҳалокат расиданд, ғайриқонунӣ ҷалб шудани шаҳрвандони хориҷӣ ба коргоҳашро иқрор кардааст. Дар ин бора Елена Звездина, вакили дифои Москвин иттилоъ додааст.

"Духтарони ҳалокшуда ба кори якдафаъина ҷалб шуда буданд. Зерҳимояи мо низ иқрор мекунанд, ки онҳо бидуни иҷозатнома кор мекарданд. Вай омодааст, ҳам ҷарима ва ҳам ба наздикони қурбониён ҷубронпулӣ пардохт кунад. Москвин дар лаҳзаҳои нахустин барои он аз тафтишот пинҳон шуд, ки мехост ин масъаларо ба воситаи шариконаш ҳал кунад. Се нафар алакай аз ӯ пул гирифтаанд", - афзуд Звездина.

Ба гуфтаи вай, Сергей Москвин худро комилан гунаҳкор меҳисобад. "Ман фикр мекунам, ки ин як фалокат буд ва зерҳимояи мо гуноҳе надорад", - изҳор дошт вакили дифоъ. Ҳамчунин Звездина қайд кард, ки барои бехатарии зидди сӯхтор сармуҳандис ҷавобгар буда, ҳоло ӯ таҳти пайгард қарор дода шудааст. Додгоҳи Останкинои шаҳри Москва рӯзҳои наздик масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани соҳибкорро баррасӣ хоҳад кард.

Тавре Додситонии кулли Русия муайян кард, аз 14 шаҳрванди ҳалокшудаи Қирғизистон, танҳо ду нафарашон қонунӣ дар ин кишвар ҳузур доштаанд. Бо ин ҳол, нашриёти мазкур 4 соли ахир аз сӯи хадамоти оташнишонӣ санҷиш нашудааст.

XS
SM
MD
LG