Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчами миллӣ дар Кӯлоб қад меафрозад


Шаҳрдории Кӯлоб корҳои сохтмонии пояи 50-метрии Парчами миллии Тоҷикистонро дар ҷойи собиқ кинотеатри “Комсомол” шурӯъ кардааст. Пӯлод Ҳафизов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, рӯзи чоршанбеи 7- сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки корҳои сохтмонӣ барои бунёди пояи 50-метрии Парчами миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳр ҷараён дорад. Ба гуфтаи ҷаноби Ҳафизов, то кунун 30 дарсад аз корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз ҷониби ширкати “ТАЛКО” анҷом дода шуда ва беш аз 50 коргари маҳллӣ машғули бунёди ин иншоотанд ва атрофи он гулкорӣ хоҳад шуд. Ба ин тартиб ҷаноби Ҳафизов таъкид кард, ки Парчами миллии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Аммо мақомот дар бораи ҳазинаи бунёди Парчами миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб изҳори назаре намекунанд.

Ҳамин тариқ Парчами миллии Тоҷикистон дар ҷойи бинои кинотеатри боқимонда аз даврони Шӯравии собиқи “Комсомол”, дар паҳлуи бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб сохта хоҳад шуд. Ҷараёни тахриби кинотеатри куҳантарини Кӯлоб рӯзи 25 июли соли ҷорӣ шуруъ шуда, рӯзи 7 август ба анҷом расидааст. Кинотеатри “Комсомол” яке аз ду кинотеатр дар шаҳри Кӯлоб буд. Ба ҷуз ин кинотеатр, ки пӯшида буд, бинои дигари кинотеатри тобистона дар Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Кулоб мавҷуд аст.

Аммо бо он ки ин кинотеатрҳо дар даврони Шӯравии пешин макони фароғату истироҳати сокинону тамошобинон буд, баъди истиқлол хусусӣ карда шуданд. Гуфта мешавад, пас аз истиқлоли Тоҷикистон бинои кинотеатри “Комсомол”-ро Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хусусӣ карда буд. Ин буд, ки як қисмати бинои кинотеатри “Комсомол” барои фаъолияти дӯконҳое ба иҷора дода буданд.

XS
SM
MD
LG