Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани як қочоқчии афғон дар марз


Неруҳои марзбонии Тоҷикистон аз кушта шудани як қочоқчии маводи мухаддир дар марзи ин кишвар бо Афғонистон хабар додааст. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 7 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса соати 19.55-и рӯзи 5 сентябр дар яке аз дидбонгоҳҳои гузаргоҳи марзии “Панҷ” рух додааст”.

Ба гуфтаи ҷаноби Улуғхоҷаев, як гурӯҳи 5-нафараи қочоқҷиёни маводи мухаддир қасди вуруди ғайриқонунӣ ба марзи Тоҷикистонро намуданд, ки пас аз итоат накардан ба ҳушдори марзбонони тоҷик ,миёни онҳо даргирӣ ба амал омадааст. Ба иттилои сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон, дар пайи ин даргирӣ, як қочоқчии маводи мухаддири афғон кушта ва боқимонда ба он сӯи марз паноҳ бурдаанд. Ин манбаъ афзуд, ки дар маҳалли даргирӣ, 39 кило маводи мухаддир навъи ҳашиш, як худкори Калашников, 146 дона тир бо 5 тирдон ва як телефони ҳамроҳ, кашфу мусодира гардид.

Даргирии ахир 18-умин задухурди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз оғози соли ҷорист. Тибқи иттилои расмӣ дар пайи задухӯрдҳо 8 марзшикан кушта шудаанд.

Ҳудуди 1400 километр марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як масири интиқоли маводи мухаддир ба бозорҳои сиёҳи Осиёи Марказӣ ва Русия ба шумор меравад. Дар ин авохир бо фаъол шудани гурӯҳҳои ифротгаро дар шимоли Афғонистон нигарониҳои амниятӣ аз ноҳияи ин марз низ бештар шудаанд.

XS
SM
MD
LG