Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати умури дохилаи Афғонистон мегӯяд, нерӯҳои интизомӣ охирин ҷангҷӯеро, ки дар ҳамла ба созмонҳои байналмилалӣ ва идораҳои ҳукумат даст дошт, куштаанд. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Афғонистон дар Твиттераш рӯзи 6-уми сентябр навишт, ки ҳар се ҳамлавар, ки чанд нафарро гаравгон гирифта онҳоро то 11 соат дар маҳаллаи Шаҳри Нави шаҳри Кобул нигоҳ медоштанд, кушта шуданд. Сиддиқӣ гуфта буд дар натиҷаи ин ҳамла як мулкӣ кушта ва шаш нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамла нисфи шаби рӯзи 5-уми сентябр шурӯъ шуда 42 нафар, аз ҷумла 10 хориҷӣ наҷот дода шуданд, мегӯяд, Сиддиқӣ.

Созмони хайриявии Care International гуфт, гуруҳи силоҳбадастон ҳамларо ба идораҳои давлатӣ, ки идораи кобулии ин созмон ҳам дар канори он аст, оғоз кард. Ин созмон мегӯяд, ҳамаи кормандонаш аз дафтар берун оварда шуданд ва ҳамагӣ саломат ҳастанд. Ин ҳамла пас аз он сурат гирифт, ки дар ду ноҳияи дигар Толибон дар ду таркиш 24 нафарро кушта 90 нафари дигарро захмӣ карданд. Ду маргталаб рӯзи 5-уми сентябр ба ноҳияи серҷамъияте дар наздикии Вазорати дифои Афғонистон ҳамла карданд. Дар миёни кушташудагон як генерали артиш ва ду нафар фармондеҳони пулис низ ҳастанд. Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи Толибон рӯзи 5-уми сентябр дар Твиттер навишт, ки ҳадафи ҳамлаи аавал Вазорати дифоъ ва ҳадафи ҳамлаи дуввум пулис буд.

XS
SM
MD
LG