Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Прошенко мегӯяд, ки ҳифзи пуштибонии Ғарб душвор шудааст


Президенти Украина Петро Порошенко мегӯяд, ки нигаҳ доштани пуштибонии Ғарб аз Украина дар ростои "таҷовузи Русия" торафт душвор мешавад. Президенти Украина рӯзи 6 сентябр дар Киев гуфт, ин воқеият, ки буҳрони муҳоҷират ва ҳуҷумҳои мусаллаҳона Аврупоро ба чолиш кашидаанд, фазоеро дар интихоботи соли 2017 ба вуҷуд меорад, ки аксари ҳизбҳоро барои созиш бо Кремлин ва гирифтани қудрат моил мекунад. Порошенко гуфт, дар мубориза бо таҷовузгарии Русия Украина ба пуштбонии қавии байналмилалӣ ниёз дорад. Порошенко гуфт, ҳамлаи густардаи Русияро аз эҳтимол дур намедонад.

XS
SM
MD
LG