Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон аз ҳалокати як террористи байналмилалӣ хабар дод


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки рӯзи 29-уми август як террористи байналмилалиро дар наздикии Бишкек аз байн бурдаанд. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 6-уми сентябр гуфт, ки ҷинояткори 39-сола дар ҷараёни даргирӣ бо сарбозони нерӯҳои амниятӣ кушта шуд. Ҳуввияти ин мард ва мансубияташ ба гурӯҳи мушаххас ошкор нашудааст. Муфаттишон аз ин мард силоҳ, маводи худсохти тарканда ва ба миқдори зиёд тирҳои ҷангӣ мусодира карданд. Тафтиши қазия ҷараён дорад. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар солҳи ахир садҳо зану марди қирғиз ба гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ ҳамроҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG