Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Филиппин Обамаро ҳақорат кард


Мулоқоти нахустини Барак Обама бо раиси ҷумҳури Филиппин дар ҳоле лағв шуд, ки Родриго Дутерте президенти Амрикоро "писари фоҳиша" ном бурд. Қарор буд, ки ду раиси ҷумҳур рӯзи 6 сентябр дар нишасти минтақавии Созмони кишварҳои Осиёи Ҷанубушарқӣ (ASEAN) дар Лаос мулоқот кунанд.

Аммо баъди истифодаи лафзи таҳқиромез аз ҷониби Родриго Дутерте, ки гуфтааст Филиппин ягон интиқоди Обамаро дар муборизаи кишвар бо ҷинояткорӣ қабул надорад, Вашингтон ин мулоқтро бекор кард. Дар мубориза бо ҷинояткорӣ танҳо дар ду моҳи гузашта дар Филиппин 2,400 нафар кушта шудаанд.

"Шумо бояд бо эҳтиром бошед, на ин ки фақат савол партоеду изҳорот бидиҳед, "писари фоҳиша", ман дар ин нишаст ба шумо лаънат мефиристам," - гуфт Дутерте дар посух ба суоли хабарнигорон, ки қабл аз рафтан аз Лаос пайғомаш ба Обама чӣ аст. Президенти Филиппин баъдтар бо пушаймонӣ аз лаҳни тундаш гуфт, "мо афсус мехӯрем, ки ин ҳамчун ҳамла ба шахси президенти Амрико садо дод."

Дутерте соли равон бо ваъдаи қатли 100 ҳазор нафар дар ҷанги бенамуна бо ҷинояткорӣ дар интихобот пирӯз шуд. Ӯ дар муқобили танқиди сиёсаташ дар заминаи мубориза бо ҷинояткорӣ, сарфи назар аз шахси алоҳида ва ё сохтор будани мунтақид, пайваста аз лаҳни ҳақоратдор истифода мекунад. Ӯ моҳи гузашта дар посух ба интиқоди Созмони Милали Муттаҳид гуфт, "агар шумо ба ин ҳадд беэтиром бошед, писари фоҳиша, пас ман рафтам."

XS
SM
MD
LG