Пайвандҳои дастрасӣ

Иҷозаи махсус барои воридоти телефонҳои нав


Дар фурудгоҳи Ишқободи Туркманистон эълоне насб шудааст, ки аз манъи воридоти телефонҳои нави ҳамроҳ бидуни иҷозати махсуси мақомоти ин кишвар хабар медиҳад.

Воридоти телефонҳои нави ҳамроҳ бар асоси қонуне, ки ҳанӯз соли 1999 қабул шудааст, манъ шуд. Қонуни мазкур замони қабулаш воридоти техникаи саноатиро манъ мекард, акнун барои кормандони гумрук имкон медиҳад, ки телефонҳои мобилии навро аз воридшавандагон мусодира кунанд.

Мақомоти расмии Туркманистон хабар медиҳанд, ки бо ҳадафи таъмини талаботи амнияти иртиботӣ воридоти телефонҳои мобилӣ ба ин кишвар бе иҷозаи махсус манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG